Дехаи Шамтуч дар 220 км шимолу шарки Душанбе,дар васати силсилакуххои Зарафшон ва Туркистон,дар сархади нохияи Айни ва нохияи Масчохи Кухи вокеъ гардидааст.Масофаи рох аз дехи Шамтич то маркази Айни 55 км ва то шахри Истаравшан 155 км ва то Хучанд 234 км мебошад.Шамтуч аз тарики се агбаи мушкилгузар,яке аз тарики Тагоби Хавз ва дигаре аз тарики Тагоби Чешилва саввум аз тарики Тагоби Чандакозод ба дехаи Охучии нохияи Гончи пайваст мешавад,ки ин масофа худуди 20 км аст.Шамтуч аз чониби шарк бо дехи Обурдани Масчох(1км масофа) хамчавор буда,аз тарафигарб бо дехи Вешаби Фалгар (9км масофа) ва аз чониби чанбу гарб бо дехи Дарги Фалгар(11 км масофа) хамсархад аст. Масохати Шамтуч тахминан 3.5х4 км мураббаъ буда ахолиаш худуди 2000 нафар мебошад(то соли 2006-ум).Шамтуч дар иртифоъи 1800-2000 м. аз сатхи бахр карор дорад.