Ин тахминан дар солхои 1828-29 таввалуд шуда , аввал дар дех , пас дар Самарканд тахсили илм мекунад . Пас аз баргаштан ба деха дар ободонии зодгохаш кушишхои зиёде кардааст . Шахси хеле саховатманд буда , дар Фалгару Мастчох уро хеле эхтиром мекардаанд . Мулломухамадамин , бо сабаби муаззин буданаш уро Бобои Суфи мегуфтанд , муддати тулони дуст ва хамсухбати ин оксакол будааст ва рочеъ ва эътибори Мулло Мирхусейн дар водии Зарафшон чунин накл кадааст: Дар солхои 80-уми асри XIX дар байни дехахои Палдорак ва Дехмунораи Мастчох мунокишае руй медихад ва дар асари ин мунокиша ду палдораки кушта мешавад. Хар ду деха дар холати чанг карор мегиранд ва муддати панч мох ахолии ин дехахо аз бими чон берун аз дехи худ намераванд . Он гох , амири Мастчох ба Мулло Мирхусейн мурочиат секунад , то миёни ин ду деха сул намояд. Мулло Мирхусейн бо хаирахои амакбачааш Мулло Кудрвтулло ва хамдехааш Бобои Суфи ба Дехмунора рафта Ю ду одамро занчирбанд када , пеш-пеши асп ба дехаи Палдораки Мастчох меоранд . Мардуми Палдорак чамъ мешаванд ва Мулло Мирхусейн ба онхомурочиъат мекунад: <<Ду одами шуморо дехмунорагихо куштаанд.Мо ду нафар аз онхоро ба назди шумо овардем. Хохедхунбахо гиред , хохед озод кунед>>. Пас аз машварат оксаколи Палдорак ба оксаколи Шамтуч-Мулло Мрихусейн чунин чавоб медихад:<<Ба хотири шумо ва хамрохони шумо мо аз хуни дехмурагихо гузаштем>> . Хамин тавр ду дехаи саргахи Зарафшон бо эхтироме , ки ба Мулло Мирхусейн доштаанд , бо хам ошти мешаванд ва шамтучиёнро як хафта мехмондори карда , бо тухфахо чавоб медиханд. Дар давраи оксаколии ин шахс дар Шамтуч ду бинои масчид бино гардида , чуйбори калоне аз Болои дех ба мавзеъи Дашти Боло канда мешвад , ки боиси ободии чил гектар мегардад.
|